Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 мл сомонӣ тӯҳфаи Убайдуллоев ба “посбонони зебоӣ”


Шаҳрдори пойтахт дар остонаи Рӯзи модарон ба беш аз ду ҳазор зани роҳрӯб ба миқдори умумии 2 миллион сомонӣ, тӯҳфа додааст.

Ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи 5-уми март ба беш аз ду ҳазор зани роҳрӯб имрӯз ба миқдори 700 сомонӣ тӯҳфа тақдим кардааст. Ин тӯҳфаи шаҳрдори Душанбе ба хотири рӯзи 8-уми март, ки дар Тоҷикистон ҳамчун “Рӯзи модар” таҷлил мешавад, сурат гирифтааст.

Тавре аз ҳукумати шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ҳаҷми маблағе, ки ба занҳои роҳрӯб дода шуд, наздики 2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар як ҷаласа аз кори занони роҳруб тавсиф намуда, онҳоро “посбони зебоиву тозагии шаҳр унвон кардааст.”

Зулайхо Каримова, як зани роҳруб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гуна қадрдониҳо онҳоро ба кор дилгармтар мекунад.

-Маоши мо он қадар зиёд нест, лекин ҳурмат кардани мо боз моро хеле хурсанд мекунад. Ҳар кас ба қадри меҳнати роҳрӯбҳо намерасад. Раиси шаҳр ба қадри меҳнати мо расидааст, Худо баракаташ диҳад. Кори мо ҳам осон нест. Саҳар то бедор шудани одамон мо аллакай шаҳрро тоза мекунем. Ҳамин хел меҳрубонӣ кунанд, боз дили мо ба кор гарм,-гуфт,ӯ.

Дар шаҳри Душанбе аксаран занон роҳрӯбӣ мекунанд ва 80 дарсади кормандони Хоҷагии комуналии шаҳри Душанбе низ занҳо ҳастанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, аз камтарин шаҳрдор дар Тоҷикистон аст, ки ҳамасола дар арафаи Соли Нав ва “Рӯзи модарон”, ба занони роҳрӯб тӯҳфа медиҳад. Дар шаҳри Душанбе наздики 2,5 ҳазор зани роҳрӯб кор мекунад. Маоши занҳои роҳрӯб дар Душанбе аз 600 то 800 сомониро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG