Раҳоии се нафар аз асорати мусаллаҳони Либия

Акс аз бойгонӣ

Ду шаҳрванди Итолиё ва як сокини Канада аз асорати афроди мусаллаҳ дар Либия озод шуданд. Вазорати корҳои хориҷии Итолиё рӯзи 5 ноябр гуфт, ин се нафар «дар натиҷаи ҳамкории пурсамари мақомоти маҳаллӣ» раҳо гардиданд, вале тафсилоти бештар надод. Аз онҳо Данило Калонего, Бруно Какасе ва Франк Поччиа ном бурда мешавад. Онҳо рӯзи 19 сентябр аз тарафи афроди мусаллаҳ рабуда шуданд. Ҳарсеашон муҳандис буданд ва дар як ширкати итолиёвӣ, ки корҳои сохтмонии фурудгоҳи Либияро бар ӯҳда дошт, фаъолият мекарданд.