Амрико кушта шудани Қатониро тасдиқ кард

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, ки раҳбари шабакаи "Ал-Қоида" дар Афғонистон дар пайи ҳамлаҳои ҳавоӣ кушта шудааст. Вазорати дифои Амрико ё Пентагон ҳалокати Форуқ ал-Қатониро як зарбаи муҳим ба "Ал-Қоида" донист. Питер Кук, масъули дафтари матбуоти Пентагон, рӯзи 4 ноябр гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ 23 октябр Қатонӣ ва ҳамкори ӯ Билол ал-Утабиро дар ду ҳамлаи ҷудогона дар вилояти Кунар ҳадаф қарор дода буданд. Утабӣ масъули эҷоди паноҳгоҳ ва тамрингоҳҳои ҷангиёни "Ал-Қоида" дониста мешавад, вале Питер Кук, гуфт, хабари кушта шудани ин масъули "Ал-Қоида" ҳанӯз возеҳ нест.