Нерӯҳои курду араб, ки Амрико аз онҳо пуштибонӣ мекунад, иштироки Туркияро дар барномаи озод кардани Раққа аз гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" рад карданд.
Туркия мехоҳад ба ин амалиёт ҳамроҳ шавад ва вазири дифои Амрико Эштон Картер ахиран гуфт, ки ҳамоиши Туркияро дар марҳилаи ниҳоии ишғоли шаҳр бо Анкара матраҳ кардааст.
Мақомоти Иёлоти Муттаҳида умедворанд, ки Раққаро ҳамин ҳафта бозпас бигиранд ва Нерӯҳои Демократии Сурия бо ширкати курдҳо ва арабҳо дар ишғоли шаҳр нақши калидӣ хоҳанд дошт.
"Нерӯҳои Демократии Сурия батанҳоӣ дар амалиёти озодкунии Раққа саҳм мегиранд", - гуфт сухангӯи НДС ва афзуд, "масъалаи иштироки Туркия бо эътилоф ҳаллу фасл шуд. Амалиёт бидуни Туркия мегузарад."
Аммо Анкара аз нақши боризе, ки курдҳо дар ин амалиёт мебозанд, нороҳат аст. Мақомоти Туркия мегӯянд, ин гурӯҳҳо бо Ҳизби Коргарии Курд, ки се даҳсола боз дар Туркия шӯриш мекунад, пайванд доранд.
Созмони Нерӯҳои Демократии Сурия, ки қаламравҳои чашмгирро аз ДИИШ дар марзи Сурия бо Туркия ғасб кард, чанде пеш дар он манотиқ бо нерӯҳои тарафдори Туркия вориди даргирӣ шуд.