Дар Бишкек ихтилофи назарҳои Русия ва Тоҷикистон ҳал нашуд

Ҳайатҳои вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия зимни дидор дар шаҳри Бишкек натавонистанд дар заминаи ихтилофи назарҳо дар масоили алоқи ҳавоӣ ба мувофиқа бирасанд. Ин нишаст дар ҳошияи ҳамоиши нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шангҳай дар шаҳри Бишкек баргузор шуд. Бино ба иттилои радиои "Эхо Москва", ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки парвози ҳавопаймоҳо миёни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон то 8 ноябри соли ҷорӣ бидуни маҳдудият анҷом шуда, ба гуфтаи Валерий Окулов, раҳбари ҳайати Русия, имкон дорад то он замон ҷонибҳо тавассути гуфтушунид роҳҳои ҳалли ин мушкилро пайдо кунанд. Дар ин нишаст пешниҳод шудааст, ки ба раванди музокирот намояндагони вазоратҳои хориҷии ин кишвар низ шомил шаванд.

Рӯзи гузашта Вазорати нақлиёти Русия эълон кард, ки масъалаи қатъи алоқаи ҳавоӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Манобеи вазорати нақлиёти Русия гуфтаанд, ки мумкин аст аз 8 ноябри соли ҷорӣ ҳама гуна парвозҳои ҳавопаймоҳо миёни ин ду кишвар мутаваққиф шавад. Тибқи иттилои баъзе манобеъ, ин тасмими Маскав дар пайи саркашии Душанбе аз мувофиқат барои парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ аз фурудгоҳи ҷадиди Жуковский будааст.

Масъулини вазорати нақлиёти Тоҷикистон вуҷуди сӯитафоҳум бо ҷониби Русия дар заминаи алоқаи ҳавоиро таъйид карда гуфтанд, ки ҷонибҳо дар ин замина музокирот мекунанд. Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати ҳавопаймои мусофирбари Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 3 ноябр ба Озодӣ гуфт, мушкили аслӣ бар сари парвозҳо аз фурудгоҳи ҷадиди Жуковскии Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистон аст, ки дар он манфиатҳои ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон дар заминаи парвозҳо аз ин фурудгоҳ ё бақавле “паритет ё баробарӣ” риоят нашудааст.

Ӯ гуфт, миёни Тоҷикистону Русия созишномаи ҳавопаймои гражданӣ имзо шудааст,ҳоло ҷонибҳо дар атрофи протоколи таъиноти ширкатҳои ҳавоӣ ва иҷроиши хати сайрҳо баҳсу баррасӣ мекунанд ва “дар ин баҳсҳо ҷониби Тоҷикистон манфиати бозори ҳавопаймоии худро ҳимоя мекунад”.

Ҷониби Тоҷикистон таъкид дорад, фаъол шудани фурудгоҳи ҷадид дар наздикии Маскав ба афзоиши парвозҳои ширкатҳои ҳавоии Русия ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд хоҳад шуд, ки ин амр ба созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди алоқаи ҳавоӣ мухолифат дорад.

Фурудгоҳи Жуковский дар наздики шаҳри Маскав аз моҳи майи соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз карда ва қарор аст ширкати русии “Уральские авиалинии” аз ин фурудгоҳ ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд парвозҳо анҷом диҳад. Феълан дар ин феҳрист номи ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон шомил нашудааст.