Узбакистону Русия мушкили муҳоҷиронро баррасӣ мекунанд

Як ҳайат аз Вазорати меҳнати Узбакистон бо ҳадафи беҳтар кардани ҳамкориҳо бо Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вориди Маскав шудааст. Дар ин бора Вазорати меҳнати Узбакистон иттилоъ медиҳад.

Ин сафар бар пояи қарори девони вазирони Узбакистон дар бораи Барномаи шуғли аҳолӣ барои соли 2017 ва ба роҳ мондани робитаҳои фаъолу мустақим бо корфармоёни рус сурат гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, муҳоҷирони кории узбаке, ки бо мусоидати вазорати меҳнат ба кор қабул мешаванд, ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар Русия кафолат дода хоҳад шуд. Инчунин, қарор аст, телефони боварие ташкил шавад, ки муҳоҷирон тавонанд тариқи он ба саволҳои худ посух гиранд.

Ҳайати мазкур дар ҷараёни ин сафар бо корфармоёни рус дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Красноярск, Кемерово ва Астрахан вохӯриҳо анҷом хоҳанд дод.