Даминҷон Эргашев – сокини 64-солаи хонаи пиронсолони ноҳияи Бохтар – рӯзҳои пурдарду аламашро дар шаҳри Алма-Ато аз ёд набурдааст, вале гуноҳи марду занеро, ки ӯро аз Тоҷикистон ба пойтахти кӯҳнаи Қазоқистон бурда ба гадоӣ маҷбур кардаанд, бахшид. Ӯ рӯзи 3 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ тасаввур надошт, ки як маъюби пиронсол ҳам метавонад, ҳадафи истисмори корӣ қарор гирад.
Масъулони Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯянд, агар қаблан занон барои истисмори шаҳвонӣ аз сӯйи қочоқчиён ҳадаф қарор мегирифтанд, ҳоло қурбониёни савдои инсон бештар мардонанд.
"Ягон бор нашунида будам, одамоне ҳастанд, ки фиреб карда мебаранд ва мисли ғулом кор мефармоянд. Онҳо фаҳмиданд, ки ман 20 сол боз кӯдаконамро надидаам, аз ин фурсат истифода карданд", - гуфт ӯ.
Ҳодисаи ба ғуломӣ афтодани Даминҷон Эргашев соли 2013, баъди ошноии тасодуфӣ бо як марду зан дар хонаи пиронсолони шаҳри Турсунзода иттифоқ афтодааст. Вай гуфт, зану фарзандонаш дар айёми ноамниҳои Тоҷикистон ба Узбакистон кӯч баста буданд ва ӯ бо онҳо ҳеҷ тамосе надошт.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шиносҳои наваш дар соли 2013 бо ваъдаи онки аввал ӯро ба Қазоқистон бурда табобат мекунанд ва сипас ба назди фарзандонаш мебаранд, Даминҷон Эргашевро аз кишвар берун бурданд. “Ба Алма-Ато расидем, аз дастам шиносномаро гирифта гуфтанд, ки агар милиса шиносномаи шуморо гирад, медаронад. Аммо дар асл мақсад ин будааст, ки ман нагурезам. Як хона иҷора гирифтанд ва саҳар маро бо автобус ба шаҳр бурданду гуфтанд: "тағо дар ин ҷо нишинед, одамҳо омада пул мепартоянд. Дар пешам як қуттӣ монданд", - нақл кард ӯ.
Даминҷон Эргашев - қурбонии солманд ва маъюби истисмори корӣ мегӯяд, дар ҳавои сард ӯро, ки аз дарди пой азият мекашад, маҷбур кардаанд, барои раҳми одамонро овардан бо либос тунук соатҳои дароз талбандагӣ кунад. Ӯ маҷбур будааст, дар як рӯз 5 ҳазор тангаи қазоқӣ (тахминан 15 доллари амрикоӣ) кор кунад ва ҳақ надоштааст, як қадам аз марзи муайяншуда дур равад.
Аз кӯйи ғуломӣ ва зулму истисмор ин пирамард бо кумаки як зани ошпази қазоқ халос шудааст. Баъд аз огоҳ шудан аз сарнавишти Даминҷон, ин зан аз "корфармоён" хостааст, то шиносномаи мардро барояш бифурӯшанд. Онҳо рад мекунанд ва зан аз хабарнигорон кӯмак мехоҳад. Қочоқбарон боздошт мешаванд ва Даминҷонро Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ба Тоҷикистон бармегардонад. Дар маҷмӯъ, ин мард як соли умрашро дар Қазоқистон дар бардагӣ гузарондааст.
Саноат Солиева, масъули яке аз паноҳгоҳҳои Созмони муҳоҷират дар Душанбе, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Даминҷон Эргашевро моҳи феврал соли 2015 ба Тоҷикистон оварданд ва ҳолаш хеле бад буд. “Хеле лоғар буд, вазъи сиҳҳатиаш бад буд, мо инҷо чанд моҳ бо ӯ кор кардем. Сарнавишти ин мард яке аз намунаҳои барҷастаи қочоқ ва ғулом кардани инсонҳо аст”, - гуфт ӯ.
Ба қавли Солиева, дар бораи марду зани истисморгари Даминҷон ҳоло ҳамин қадар маълум аст, ки онҳо бо пардохти ҷарима озод шудаанд. Баъди боздошт, онҳо аз ин мард хеле хоҳиш кардаанд, ки аризаи даъвоияшро пас бигирад. Ин мард ҳам гуфтааст, ба хотири фарзандони хурдсолашон аз гуноҳи онҳо мегузарад.
Масъулони Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯянд, агар қаблан занон барои истисмори шаҳвонӣ аз сӯйи қочоқчиён ҳадаф қарор мегирифтанд, ҳоло аксари қурбониёни савдои инсон бештар мисли Даминҷон Эргашов мардонанд. Дар соли 2015, ба иттилои Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар ҳудуди Тоҷикистон 56 нафар харидуфурӯш шудаанд ва аксари онҳо мардон будаанд. Баҳром Раҳматҷонов, намояндаи Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Тоҷикистон, гуфт, «аз рӯйи таҳлилҳо дар Осиёи Миёна қурбониёни савдо мардонанд, ки ба истисмори меҳнатӣ дар давлатҳое мисли Русия ва Қазоқистон рӯ ба рӯ шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар Осиёи Миёна 30 фоизи қочоқшудаҳо занон ва боқӣ мардонанд.”
Мардонро маъмулан барои иҷрои корҳои сангин дар сохтмону кишоварзӣ истисмор мекунанд.
Ба иттилои Созмони байналмилалии муҳоҷират дар 11 соли ахир ҳудуди 700 шаҳрванди Тоҷикистон мавриди хариду фурӯш қарор гирифтаанд. Мақомоти тоҷик тобистони имсол бо қабули Нақшаи миллии муқовимат бо қочоқи инсон, муборизаро бо ин раванд шадидтар кард. Барои ёрӣ ба ин афрод ва баргардондани онҳо ба зиндагии солим дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ва Созмони ҷаҳонии муҳоҷират марказу паноҳгоҳҳои махсус фаъолият мекунад.