Шаҳрдории Москва тавре интизор мерафт, қарори ба номи Ислом Каримов, президенти нахустини Узбакистон гузоштани майдонеро дар ноҳияи Якиманкаи Русия қабул кард. Ин майдон дар чорроҳаи кӯчаҳои "Болшая Полянка" ва "Казачий переулок 1" воқеъ аст. Шаҳрдории Москва қаблан гуфта буд, ки ба номи Каримов гузоштани майдонро ходимони илму ҳунар ва сиёсати Узкистону Русия дархост кардаанд.
Ислом Каримов дар синни 79-солагӣ даргузашт ва хабари марги ӯ 29 августи соли равон расонаӣ шуд, вале онро расман 2 сентябр эълон карданд. Президенти Русия Владимир Путин барои гиромидошти хотираи президенти нахустини Узбакистон 6 сентябр, дақиқтараш баъди се рӯзи ҷанозаи Каримов, ба Самарқанд рафт. Ислом Каримов 27 соли ахир президенти Узбакистон буд.