Ҳалокати се кӯдак дар каҳдони як сокини Восеъ
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бар асари сӯхтор дар каҳдони Маҳмадалӣ Қурбонов, яке аз сокинони деҳаи Осмонбикаи ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ, се кӯдак ба ҳалокат расиданд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса баъди зуҳри 31 октябр аз "беаҳамиятии волидон ва оташбозии кӯдакон" рух додааст.