Ширкати Тоҷик Эйр истифодаи телефони Galaxy Note 7-ро дар дохили ҳавопаймоҳояш манъ кардааст. Дафтари матбуоти Тоҷик Эйр рӯзи 1 ноябр эълон кард, ки ин тасмим ба дунболи ҳолатҳои худ ба худ оташ гирифтани ин навъи телефонҳои ҳушманд гирифта шудааст. Манбаъ афзуд, ҳарчанд чунин ҳолат дар ҳавопаймоҳои Тоҷикистон рух надодааст, вале соҳибони Note 7 бояд телефонҳояшонро дар фурудгоҳ ба наздикони худ супурда, сипас ба сафар бароянд.
Ширкати Samsung баъди ду моҳи ба бозор ворид кардани телефони пешрафтаи навъи Galaxy Note 7 эълон кард, ки истеҳсоли ин телефонро бас мекунад. Galaxy Note 7-ро Samsung тобистони имсол бо ситоиши зиёд ба фурӯш баровард, вале баъди гузоришҳо дар бораи оташ гирифтани телефони мазкур дар моҳи сентябр расман эълон кард, ки фурӯшашро боздошт ва ҳоло аз истеҳсоли он комилан даст кашидааст.
Маҳина Қаҳҳорзода, як мушовири ин ширкат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Galaxy Note 7 ба таври расмӣ барои фурӯш вориди бозори Тоҷикистон нашудааст. Соли 2013 як назарсанҷӣ нишон дод, ки телефонҳои Samsung дар Тоҷикистон аз назари маҳбубият дар ҷойи дувум меистанд ва 16 дар сади аҳолӣ телефонҳои ҳамин ширкатро доранд. Нархи телефонҳои ин ширкат дар Тоҷикистон аз 200 доллар шурӯъ мешавад.
Навори видео дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад