Боздошти сардабири нашрияи мухолифин

Пулиси Туркия Мурод Сабунчу, сардабири нашрияи "Ҷумҳурият" - як рӯзномаи дунявии мухолифинро боздошт кард. Ҳамроҳ бо сардабир мақоланависи ин нашрия Гюрей Оза низ боздошт шудааст. Дар ин бора зербахши туркиягии шабакаи телевизионии CNN хабар дод. Пулис хонаи раҳбарони нашрияро кофтуков кард. Мақомот ҳамчунин ҳукми боздошти Акин Аталай, раҳбари аршади ин нашрияро, ки ҳоло дар хориҷи кишвар қарор дорад, содир карданд.

Додситонӣ раҳбарияти "Ҷумҳурият"-ро ба фаъолиятҳое муттаҳам мекунанд, ки "ба фоидаи Ҳизби коргарии Курдистон ва пайравони Фатҳулло Гулен" аст. Анкара алайҳи ҳар гумонбаршудаи робита бо рӯҳонии сокини Амрико Фатҳулло Гулен, сиёсати саркӯбгаронаро пеш гирифтааст. Мақомоти Туркия Гуленро ба барномарезии табаддулоти ноком дар моҳи июли соли равон муттаҳам кардаанд.

Рӯзи якшанбе ҳукумати Туркия бо пахши як изҳорот гуфт, ки беш аз 10 ҳазор кормандони соҳаи беҳдошт ва маорифро аз кор хориҷ кардааст.

"Ҷумҳурият" аз 7 майи соли 1924 дар Туркия нашр мешавад. Кормандони он то табаддулоти ахир низ мавриди таъқиби додгоҳӣ қарор доштанд. Ду хабарнигори ин нашрия моҳи апрели соли 2016, бинобар бознашри карикатураи пайғамбар Муҳаммад ба муддати ду сол аз озодӣ маҳрум шуданд.