Федерика Моғеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ки дар Теҳрон қарор дорад, рӯзи 29 октябр бо Ҳасани Рӯҳонӣ – раиси ҷумҳури Эрон – ва Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии ин, кишвар дар бораи бӯҳрони Сурия гуфтугӯ кардааст. Моғеринӣ дирӯз вориди пойтахти Ҷумҳурии Исломӣ шуд ва бегоҳи шанбе ба Арабистони Саудӣ меравад.
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон дар ин мулоқот гуфтааст, ки Теҳрон омодааст, барои ҳалли буҳрони Сурия бо Иттиҳодияи Аврупо ҳамкории наздиктар дошта бошад. Дар ҳамин ҳол, рӯзи ҷумъа дар Маскав нишасти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Эрону Русия ва Сурия баргузор шуд. Дар ин нишаст Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, кишварҳои ғарбиро муттаҳам кард, ки барои ҷудо кардани мухолифони миёнарав аз гурӯҳҳои, ба гуфтаи ӯ, террористӣ талоши кофӣ анҷом надодаанд.
Бархе аз кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ Эрону Русияро ба далели ҳимоят аз ҳукумати Сурия дар идомаи ҷанги ин кишвар масъул медонанд. Вале Теҳрону Маскав мегӯянд, ки дар ҳоли мубориза алайҳи гуруҳҳои террористӣ ҳастанд.