Додгоҳи шаҳрванди Қазоқистон барои ҷанг аз тарафи ҷудоиталабон

Акси додгоҳи Қазоқистон

Рӯзи 24 октябр мурофиаи як шаҳрванди Қазоқистон оғоз шуд, ки дар шарқи Украина аз тарафи ҷудоиталабон ҷангидааст. Максим Ермолов, ки мурофиаи ӯ дар Оқтеппа баргузор мешавад, худро гунаҳкор намешуморад. Ермолов, шаҳрванди рустабори Қазоқистон, моҳи феврали соли 2015 баъди бозгашт аз Донетски Украина, ки гуфта мешавад, дар онҷо ӯ бо ҷудоиталабон алайҳи нерӯҳои давлатии Украина меҷангид, боздошт шуд.

Ермолов аз рӯи банди қонуни ҷиноии Қазоқистон "иштирик дар низои хориҷӣ" муттаҳам шудааст ва амр гирифтааст, ки аз шаҳр берун наравад. Қазоқистон то ҳол ду шаҳрвандашро барои ҷагидан ба муқобили нерӯҳои давлатии Украина зиндонӣ кардааст.

Чаҳор шаҳрванди дигар низ дар робита ба низои Украина барои таҳрик ба ҷудоиталабӣ ва барангехтани бадбинии қавмӣ дар Интернет аз озодӣ маҳрум шудаанд.