Пулиси Покистон мегӯяд, ки афсари истихборотӣ Акбар Алӣ дар минтақаи ноороми шимолуғарб мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт ва кушта шуд. Афсари пулис Холид Хон гуфт, ду марди мусаллаҳи савори дучарха субҳи 24 октябр афсари истихборотро дар ноҳияи Чордараи вилояти Хайбар, ҳаммарз бо Афғонистон, бо зарби тир ҳалок карданд. Ин ду марди мусаллаҳ баъди куштор аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.
Афсари пулис гуфт, Акбар Алӣ дар роҳ ба сӯи дафтари кориаш, ки дар Пешовар, пойтахти вилоят воқеъ аст, кушта шуд. Масъулияти ин ҳамларо Толибони покистонӣ бар дӯш гирифтанд. Маҳмуд Хуросонӣ, сухангӯи ин гурӯҳ гуфтааст, ҳамлаварон баъди анҷоми куштор ба пинҳонгоҳи худ баргаштанд.
Маълум нест, чаро маҳз Акбар Алӣ ҳадаф қарор гирифт. 18 сентябр се афсар дар Пешовар аз камингоҳ кушта шуданд. Масъулияти ин кушторро ҳам гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва ҳам Толибони Покистон бар дӯш гирифтанд.