Консерт ба хотираи зане, ки се бор дафн шуд

Пианинонавози қирғиз Азамат Сидиқов консерташро дар Амрико ба зане аз ноҳияи Ала-Букини Қирғизистон бахшид, ки ба далели пайрави мазҳаби баптистии масеҳӣ буданаш, се дафъа ба хок супурданд. "Озодиҳо ва ҳуқуқҳои аввалияи мо қурбони нофаҳмии онҳое шудааст, ки Конститутсия барояшон ҳуқуқу озодии динӣ додааст. Ҳодисае, ки бо Канигул Сотиболдиева ва занҳои дигари пайрави масеҳият рух дод, хатари азиме барои ҷамъияти мо дорад ва ба нуфузи Қирғизистон дар арсаи байналхалқӣ таъсир мерасонад", - гуфтааст пианинонавоз.

Консерти вай 23 октябр дар иёлати Каролинаи Шимолӣ баргузор шуд.

14 октябр сокинони маҳаллӣ иҷозат надоданд, ки ҷасади Канигул Сотиболдиева дар қабристони маҳаллӣ дафн шавад. Баъдтар ҷасади Канигул дар деҳаи ҳамсоя ба хок супурда шуд. Аммо он ҷо низ сокинони маҳаллӣ зиддият нишон доданд. Бори севум ҷасади Канигулро ба ҷои дигар кӯчониданд.