Ҳукумат иҷозат дод, 10 хирси “ваҳшӣ” парронда шавад

Ҳукумати Тоҷикистон барои паррондани то 10 хирсе, ки ба ҷони сокинон ва молу амволи онҳо хатар эҷод мекунад, иҷозат додааст. Абдуқодирхон Маскаев, сардори бахши назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот ва ҳайвонот дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон рӯзи душанбеи 24 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар пайи муроҷиати сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон, тибқи як қарор ҳукумат барои паррондани то 10 хирс, ки ба ҷони сокинон ва молу амволи онҳо хатар доранд, меъёр муқаррар кардааст.

Ҷаноби Маскаев гуфт, ки соли гузашта мавориди зиёди муроҷиат ва ҳатто нигаронии сокинони манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон аз ҳамлаи хирс шуда буд ва ҳукумат низ бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ қарор кард ва меъёреро барои парондани ин ҳайвони ваҳшӣ муқаррар намуд. Ба ин тартиб, дар сурати муроҷиати шаҳрвандон бо далелу бурҳоне, ки воқеан хирс ба ҷони онҳо ва молу амволашон таҳдид дорад, Кумитаи ҳифзи муҳити зист вазъиятро аз наздик ошно шуда ва иҷозатнома хоҳад дод.

Аммо Абдуқодирхон Маскаев гуфт, ки то ба ҳол ҳеҷ муроҷиате аз ҷониби сокинон дар ин замина ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист нашудааст. Ҳамзамон, ҷаноби Маскаев, гуфт, ки “ҳарчанд ҳукумат меъёреро дар ин замина муқарар кардааст, аммо ин ба маънии он нест, ки сокинон даҳ хирсро парронанд. Онҳо вобаста ба хатару таҳдиди ин ҳайвони ваҳшӣ бояд амал намоянд.”

Хирс ба унвони ҳайвони ваҳшӣ дар "Китоби Сурх"-и Тоҷикистон ворид карда шудааст ва тибқи оморҳои расмӣ, саршумори ин ҳайвон то ба 800 сар мерасад. Шикори ғайриқонунии хирс мамнӯъ аст ва дар сурати ошкор шудани шикори ғайриқонунии ин ҳайвон, тибқи қонун фард муҷозот хоҳад шуд. Ба иттилои масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, муҷозоти шикори ғайриқонунӣ ҳам барои "зарар" ва ҳам барои "шикори хирс", хоҳад буд.

Барои зарар фард маблағи 22 ҳазор сомонӣ ва барои шикори ғайриқонунӣ дар ҳудуди 65 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт мекунад ва масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯянд, ки муҷозот ҳатто то 2 сол маҳрум шудан аз озодиро низ дар назар дорад.