Русия касеро масъули марги Умаралии панҷмоҳа намешуморад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Кумитаи тафтишотӣ дар шаҳри Санкт-Петербург хулоса кард, ки таъсири берунӣ наметавонист сабаби марги Умаралӣ Назарови 5 моҳа шавад. Бино бар фарзияи ин ниҳод мақомоти Хадамоти муҳоҷират ва пулис дар ин қазия аз салоҳияти худ сӯиистифода накарданд ва кӯдак аз кӯмаки тиббӣ камбудӣ надошт.