Додгоҳи шаҳри Руднийи Қазоқистон як сокини маҳаллиро барои паҳн кардани хабари бардурӯғ дар бораи амали террористӣ ду сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Ба иттилои додгоҳ, Ерлан Акмурзоеви 23-сола шоми 1 сентябри соли равон дар девори лифти яке аз биноҳои баландошёнаи шаҳри Рудний навиштааст, ки "шоми 5 сентябр ҳалок хоҳед шуд" ва "дар бинои шумо бомба хоҳад таркид".
Дар натиҷа, шоми 4 ба 5 сентябр сокинони бинои мазкур, ки дар хиёбони Ленин ҷойгир аст, кӯчонида шудаанд. Ва танҳо шоми 5 сентябр баъди он ки хабари таркиши бомба тасдиқи худро наёфт, сокинон ба хонаҳояшон баргаштанд.
Бар пояи қарори додгоҳ, Акмурзоев муҳлати ҷазояшро дар зиндони низомаш умумӣ пушти сар хоҳад кард. Ҳамчунин ӯ вазифадор шудааст, то ба кормандони хадамоти давлатӣ, ки он шаб барои таҳқиқи хабари бомба ба макони ҳодиса рафтанд, ҷуброни зарари моддӣ дар ҳаҷми наздики се миллион танга (ҳудуди 9 ҳазор доллари ИМА) пардохт кунад.
Дар рафти таҳқиқи пешаздодгоҳӣ миёни додситон ва маҳкумшуда созишномаи иқрори гуноҳ имзо шудааст.