Пентагон Анкараро ба эҳтироми соҳибихтиёрии Ироқ даъват мекунад

Эштон Картер, Вазири дифои Амрико гуфт, ки дар ҷараёни сафараш ба Туркия, рӯзи 21 октябр зарурати эҳтиром ба соҳибихтиёрии Ироқро таъкид хоҳад кард. Аммо Картер нагуфт, ки оё барои берун кардани неруҳои Туркия аз шимоли Ироқ ба Анкара фишор меорад ё не.

Мулоқоти Эштон Картер бо мақомоти Туркия дар пасманзари ташаннуҷи байни Анкара ва Бағдод бар сари амалиёти Туркия дар шимоли Ироқ ҷараён мегирад. "Мо мехоҳем ҳама тамаркузро ба як ҳадаф, саркуб кардани гурӯҳи "Давлати Исломӣ" равона кунанд, зеро ин таҳдид ба ҳарсе кишвар аст"- гуфт Эштон Картер ба хабарнигороне, ки бо ӯ ба Туркия сафар мекунанд.

Аз моҳи декабри гузашта ҳудуди 500 сарбози Туркия арабҳои суннӣ ва ҷангиёни курдро дар пойгоҳе воқеъ дар наздикии шаҳри Мавсил тамрин медиҳанд.

Бағдод мегӯяд, ки ин неруҳо бидуни иҷозат дар қаламрави Ироқ қарор доранд ва аз онҳо даъват кард, ки хориҷ шаванд. Анқара даъвати Бағдодро нодида гирифт ва гуфт, ки дар ҳамлаи рӯ ба роҳ ва бозпас гирифтани Мавсил аз гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", нақш хоҳад дошт.