Додситони кулли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико капитани мустаъфии неруҳои дарёгард Гаролд Мартинро, ки баъди хориҷ шудан аз хизмат дар Оҷонсии амнияти миллии Амрико, дар бахши истихбороти электронӣ кор мекард, ба дуздии 500 миллион саҳифа санадҳои давлатӣ, бо шумули санадҳои маҳрамона, муттаҳам кард.
Мартин моҳи Август боздошт шуд. Бар пояи айбнома, ӯ дар тӯли беш аз 20 сол санадаҳоро аз Оҷонсии амнияти Амрико бо бастаҳои кӯчак берун кардааст. Қисме аз ин санадҳо дар шакли чопӣ ва қисме дар шакли электронӣ буданд.
Ҳамчун корманди ширкати Booz Allen Hamilton, Гаролд Мартин дар коркарди силоҳи кибернетикӣ, барои истифода алайҳи давлатҳои душмани Амрико иштирок кардааст.
Додгоҳи федеролӣ рӯзи 21 октябр тасмим мегирад, ки оё Мартинро то оғози мурофиаи додгоҳӣ озод кунад ё хайр. Ба маълумоти додситонӣ дар ин авохир Гаролд Мартин даҳҳо силоҳи оташфишон харидорӣ карда барои пинҳон доштани дуздиҳояш аз равишҳои печида кор гирифтааст. Додситон ҳамчунин мегӯяд, ки муттаҳам қодир буд, ки маълумотро дар ихтиёри душманони Амрико гузорад. Маълумоте вуҷуд дорад, ки Гаролд Мартин дар Интернет бо афроди номаълуми русзабон муошират кардааст. Иттилое, ки Мартин дар ин солҳо ҷамъоварӣ кардааст барои давлатҳои хориҷӣ аҳамияти бузург дорад.
Вакили Гаролд Мартин зерҳимояи худро ватандӯсте номидааст, ки ба кишвараш содиқона хизмат кардааст. Баъзе ҳамхизматҳои Мартин бовар доранд, ки ӯ ҳавои ҷосусӣ надошт ва аз изтироби баъди садамаи рӯҳӣ азият мекашид.