Вазорати дохилии ҷумҳурии Чех зербахшеро барои мубориза бо таблиғоти Русия ва давлатҳои дигар таъсис дод, ки барои таъсиргузорӣ ба шаҳрвандони ин кишвар талош мекунанд. Дар ин бора хабаргузории Ройтерс бо такя ба вазири дохилии Чех Милан Хованст гузориш додааст.
Барои кор дар сохтори нав 20 нафар ҷалб шудаанд. Онҳо ҳамагуна ахбори ғаразомезро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ мекунанд ва ҳамчунин кормандонро барои мубориза бо ин зуҳурот таълим медиҳанд.
Маскав то ҳол ба изҳороти вазири Чех вокуниш накардааст.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ Хадамоти амнияти иттилоотии Чех дар гузориши солонаи худ гуфт, ки Русия алайҳи кишвар "ҷанги иттилоотӣ" эълон кардааст. Биноба маълумоти Хадамоти истихбороти Ҷумҳурии Чех, Маскав шабакаи густардаеро бо ҷалби гурӯҳҳои таблиғгар ба роҳ мондааст, ки ҳадафи онҳо аз бадномсозии Иттиҳоди Аврупо, Украина ва НАТО иборат аст. Ба ақидаи мақомоти Чех, ин шабака метавонад барои баҳам задани эътидол дар ин кишвар истифода шавад.
Бар пояи нуфусшумории соли 2011 дар Ҷуҳмурии Чех, наздик ба 30 ҳазор русзабонҳо зиндагӣ ва дар ин кишвар даҳҳо сомона ба забони русӣ хабар пахш мекунанд.