Филми коргардони тоҷик Умед Мирзоширинов, “Мушкилкушо” ба унвони беҳтарин филми тоҷикӣ дар поёни синамобазми “Дидор” дар шаҳри Душанбе дониста шуд. Сафари Ҳақдод, раҳбари Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 21 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳайати доварони синамобазми “Дидор” филми коргардони тоҷик Умед Мирзоширинов – “Мушкилкушо”-ро ба унвони беҳтарин филми тоҷикӣ пазируфтанд.
Аммо ба гуфтаи ҷаноби Ҳақдод, Шоҳҷоизаи синамобазми “Дидор” насиби коргардони афғон Ҷамшед Маҳмудӣ барои таҳияи филми “Чанд метри мукааб ишқ” гардид. Ҳамчунин Сафар Ҳақдод таъкид кард, ки филми “Ҳар яке” аз Николай Котяш, коргардони рус беҳтарин филми кутоҳметраж дар ҷашнвораи “Дидор” маҳсуб ёфт. Маросими эълони барандагони ҳафтумин синамобазми “Дидор” шоми рӯзи 20 октябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ин синамобазм, ки ба таърихи 16 октябр оғоз шуда буд, дар муддати панҷ рӯз 80 филми баланди достонӣ ва филмҳои кӯтоҳ ба намоиш даромад. Ҳафтумин синамобазми “Дидор”, ки ба бузургдошти коргардони маъруфи тоҷик шодравон Бахтиёр Худоназаров ихтисос ёфта буд, дар нахустин рӯзи шуруъаш бо филми "Братан" (Бародар)-и Бахтиёр оғоз шуда буд. Ҳамчунин дар ҷараёни баргузории синамобазми “Дидор” боз се филми дигари Худоназаров – "Қош ба қош", "Падари моҳтобӣ" ва "Дар интизори баҳр" низ намоиш дода шуд.
Бахтиёр Худоназаров моҳи апрели соли гузашта дар яке аз бемористонҳои шаҳри Берлин аз дунё гузашт. Ин коргардони маъруфи синамо соли 1965 дар Душанбе ба дунё омада, пас аз хатми Донишкадаи кинометографияи Шӯравӣ дар Маскав, соли 1989 бо филми "Братан" шӯҳрат ёфтааст. Филми дигари ӯ "Қош ба қош", ки соли 1993 бардошта шуд, дар ҷашнвораи Венетсия ҷоизаи “Шери нуқра” гирифт.
“Дар интизори баҳр”, асари шашуми Бахтиёр Худоназаров, ҷашнвораи соли 2012-и Румро оғоз бахшид. Маъруфтарин филми Худоназаров “Падари моҳтобӣ” аст, ки соли 1999 наворбардорӣ шуда чандин ҷоизаи байналмилалӣ гирифтааст.
Имсол ҷашнвораи "Фаҷр"-и Эрон аз ҳамкорону сарпарастони фестивали "Дидор" дар Тоҷикистон буд ва харҷи сафари меҳмонҳои эрониро бар ӯҳда дошт. Ба ҷашнвораи ҳафтуми "Дидор" 40 меҳмон аз Русияву Эрон, Афғонистон, Арманистону Озарбойҷон ва Қирғизистону Қазоқистон даъват шуда буданд.Тоҷикистон дар ин намоиш "Хоби маймун", "Мушкилкушо"-и Умед Мирзоширинов ва филми кӯтоҳи "Ҳолат"-ро намоиш дод.
Синамобазми байналмилалии “Дидор” аз соли 2004 ин ҷониб дар ду сол як бор баргузор мешавад. Ҷашнвораи гузаштаи “Дидор” ба 110-солагии Комил Ёрматов– коргардон, филмноманавис ва ҳунарпешаи тоҷик ва асосгузори синамои Тоҷикистону Узбакистон бахшида шуда буд.