Дар пойтахти Туркманистон арзиши доллари ИМА нисбат ба манати туркманӣ дар рӯзҳои охир башиддат боло рафт. Тавре аз Туркманистон хабар медиҳанд, ин рӯзҳо 1 доллар бар ивази 7,20-7,40 манат фурӯхта мешавад.
Бо қарори ҳукумати Туркманистон бонкҳои он кишвар аз ибтидои соли равон ҳамагуна амалиёти фурӯши асъори хориҷиро ба сокинон қатъ карданд. Ҳоло шаҳрвандон танҳо имкон доранд, ки дар бозорҳо асъори хориҷиро хариду фурӯш кунанд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки бо боло рафтани қурби доллар, дар бозорҳои Ишқобод қимати маҳсулот низ боло рафтааст.