Размандагони пешмарга мавқеи ДИИШ-ро танг карданд

Фармондеҳони гурӯҳи низомии пешмаргаи курдтабор мегӯянд, ки размандагони онҳо ва нерӯҳои ироқӣ ҳамлаҳо дар Мавсилро густариш додаанд. Амалиёти озод кардани шаҳр аз ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар шимоли Ироқ бо пуштибонии ҳавопаймоҳои эътилофи таҳти назари Амрико ҷараён мегирад.

Баъд аз як силсила шиллики тӯпхонаҳо, бомбаборон ва мушакандозӣ, нерӯҳои курд ДИИШ-ро ба масофаи то 200-километри мураббаъ, ақиб партофтанд. Даргирӣ барои назорати Мавсил, ки соли 2014 ДИИШ онро ишғол кард, аз соли 2011 ба ин тараф бузургтарин амалиёти ҳарбӣ дар Ироқ аст, ки нерӯҳои Амрико пеш мебаранд.

Намояндагони Ироқ ва Амрико изҳори умед мекунанд, ки пирӯзӣ бар гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ", ки бо ғасби сареи қаламравҳои бузург дар Ироқу Сурия ҳамаро ба ҳайрат овард, зарбаи шадид хоҳад зад. Нерӯҳои давлатии Ироқ дар 60-километрии Мавсил ва размандагони пешмарга аз шарқ ба ДИИШ фишор меоранд.