Нахуствазир Ҷуканович аз пирӯзӣ дар интихобот хабар дод

Нахуствазири Черногория Мило Ҷуканович пирӯзии ҳизби ҳокими Демократҳои сотсиалистро дар интихоботи порлумонӣ эълон кард. Интихобот рӯзи якшанбеи 16 октябр баргузор шуд.

Дар ҳоле, ки ҳизби Ҷуканович аксарияти курсиҳоро дар порлумон ба даст наовардааст, нахуствазир бовар дорад, ки бо истифода аз ҳизбҳои хурдтар ва ҳамчунин намояндагони ақалиятҳои албанӣ, хорват ва бониягиҳо, метавонад эътилоф таъсис диҳад. Ин эътилоф тибқи ҳисобҳои пешакӣ метавонад 42 ҷойро дар порлумони 81 нафарӣ ишғол кунад.

Ҳизби Демократии социалистҳо дар интихоботи рӯзи якшанбе каме бештар аз 40 дар сади райъҳоро ба даст овард Ҷойи дуюмро бо 20 дар сад ҳизби мухолифи "Ҷабҳаи демократӣ" соҳиб шуд. Дар ҷойи сеюм бо 11 дар сади раъйҳо эътилофи мухолифони муътадил "Калид" қарор дорад. Иштироки овоздиҳандаҳо дар интихобот 73 дар сад эълон шудааст. Натиҷаи расмии интихобот рӯзҳои наздик эълон мешавад.

Яке аз суолҳои аслии маъракаи интихоботӣ ворид шудани кишвар ба НАТО буд. Нахуствазир Ҷуканович шаби гузашта гуфт, ки тасвиби ин қарордодро аз порлумони нав дастрас хоҳад кард. Мухолифони ҳукумат мехоҳанд, ки ин масъала ба назарсанҷии умумӣ гузошта шавад. Мило Ҷуканович қавл дод, ки гуфтушуниди ворид шудани Черногория ба Иттиҳоди Аврпуоро бо натиҷаи мусбат ба поён мерасонад.