Герт Вилдерс, сиёсатмадори исломбадбини ҳолландӣ - асосгузори ҳизби ифротии озодӣ, эҳтимолан баъди ду ҳафта бо иттиҳоми таҳрики нажодбадбинӣ ба курсии айбдорӣ менишинад. Додгустари додгоҳи Гаага Ҳендрик Стингуйс рӯзи 14 октябр ба вакилони Вилдерс гуфт, додгоҳ метавонад муайян кунад, ки суханони сиёсатмадор танҳо таҳқир буданд ва ё гумонбаршуда аллакай хати қирмизро убур кара ба табъизи нажодӣ роҳ додааст. Ӯ гуфтааст, ки додгоҳ барои ин абзори кофӣ дорад.
Вилдерс соли 2014 ҳангоми пахши барномаи зиндаи телевизионӣ гуфт, ки ӯ ва ҷонибдоронаш мехоҳанд, ки марокашиҳо дар ин кишвар "камтар" бошанд. Додгустар Стингуйс рӯзи мурофиаро 31 октябр муайян кард. Интизор меравад, ки ҳукми додгоҳ нисбати Вилдерс моҳи декабр эълон шавад.