Серж Саргсян, президенти Арманистон 13 октябр бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ба Ереван сафар кард, мулоқот кардааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Арманистон, Саргсян гуфтааст, ки кишвараш ҳавасманди рушди муносибатҳои дӯстона бо Тоҷикистон аст. Вай дар идома изҳор доштааст, ки сатҳи равобити Душанбею Ереван "ба сатҳи баланди муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Арманистон ва дӯстии мардуми ду кишвар ҷавобгӯ нест".
"Вале ба ҳар сурат, ҷараёни рушди равобити байнидавлатӣ эҳсос мешавад ва онро бояд бо талошҳои пайвастаи дуҷониба таҳким бахшид", - афзудааст Саргсян.
Президенти Арманистон изҳори умед кардааст, ки ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба оғози ҳамкориҳои наву имзои як қатор созишномаҳо сабаб хоҳад шуд. Президенти Тоҷикистон дар навбати худ афзудааст, ки Еревану Душанбе дар доираи СПАД мавзуъҳои муштаракае барои муколама ва ҳамкорӣ доранд.