Ӯзбекистон то соли 2020 чиниши дастии пахтаро то 30% коҳиш медиҳад

Узбакистон тасмим дорад, бо роҳандозии технологияи замонавию мошинҳои махсус то соли 2020 мизони меҳнати дастиро дар истеҳсоли пахта ва умаман дар соҳаи кишоварзӣ тақрибан то ба 30% поин барад. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ин нукта дар матолиби 7-умин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти пахтагӣ ва нассоҷии Узбакистон, ки дар шаҳри Тошканд оғоз шуд, садо додааст.

Бо ин ҳол, сарфаи манобеи обӣ то 15-20%, коҳиши масрафи тухмӣ то 30-35 ва маводи сӯхту равғани молиданӣ то ба 20-25% аз нишондодҳои кунунӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин дар навбати худ ба поин рафтани арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ ва боло рафтани сатҳи даромади деҳқонон сабаб хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки соли 2012 дар Узбакистон барои навсозии саноат ва технологияҳои кишоварзӣ барномаи давлатии панҷсолае қабул шудааст.

Дар ин санад, як қатор чораҳои кам кардани меҳнати дастӣ ва мусоидат ба истифодаи механизатору технологияҳои инноватсионӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин дар доираи барнома, истеҳсоли беш аз 60 навъи таҷҳизоту техникаҳои нав ба нақша гирифта шудааст. Дар Узбакистон аксари навъҳои пахтаро мешавад бо мошин ҷамъоварӣ кард. Зироати ин навъи пахтаҳо сол то сол афзоиш ёфта, қарор аст, дар ояндаи наздик кишти он ба 1 миллион гектар расонида шавад.