Ҳукумати Олмон тафтиши оҷили ҳодисаи худкушии паноҳандаи суриягӣ дар ҳуҷраи маҳбасро талаб кард, ки ба таҳияи як амали террористӣ дар ин кишвар муттаҳам мешуд. Ҷаббор ал-Бакр бегоҳи 12 октябр худро дар ҳуҷраи маҳбаси Лейптсиг бо истифода аз пероҳанаш овехтааст. Вазири дохилии Олмон Томас Мезиер дар заминаи ин ҳодиса санҷиши сареъ ва фарогирро талаб кард. Ӯ гуфт, ки марги ал-Бакр барои муаян кардани таҳиягарони эҳтимолӣ, шабака ва масоили мисли ин ба тафтишот монеа эҷод мекунад.
Вакили ин марди 22-солаи суриягӣ марги ӯро “ҷанҷоли ҳуқуқӣ” унвон кард ва гуфт, ки мақомоти маҳбас аз майли ал-Бакр ба худкушӣ огоҳ буданд. Бакр баъди ду рӯзи фирор аз пулис рӯзи 10 октябр бо дасти се паноҳандаи суриягӣ ба мақомот супурда шуд.
Бинобар маълумоти хадамоти истихбороти Олмон, Ҷаббор ал-Бакр барномаи анҷоми амали террористии базургҳаҷм дар яке аз фурудгоҳҳои Олмонро пайгирӣ мекард. Дар ин бора раҳбари хадамоти истихбороти Олмон Ҳанс-Георг Маасан хабар додааст.
Қаблан мақомот аз манзили зисти ал-Бакр ҷузъҳои маводеро пайдо карданд, ки барои тавлиди бомбаи нерӯманд истифода мешавад. Бинобар маълумоте, ки ба дасти хабарнигорон расидааст, Ҷаббор ал-Бакрро суриягиҳое, ки дар Лейпсиг зиндагӣ мекунанд, ба пулис супурдаанд. Яке аз онҳо ал-Бакрро дар истгоҳи роҳи оҳан шинохта ба ӯ пешниҳод кардааст, ки шабро дар хонааш рӯз кунад. Ӯро ба хона оварданд ва якчанд нафар дасту пояшро баста ба пулис занг заданд.
Ду рӯз пеш аз ин пулиси Ҳемнитса аз рӯи маълумоти истихборотӣ дар чанд хона кофтуков анҷом дод ва дар хонаи Ҷаббор ал-Бакр маводи тарканда ёфт. Пулис бо риояи дастури бартарии амнияти мардум ва роҳ надодан ба тирандозӣ аз боздошти Бакр худдорӣ кард ва бо ин ба Бакр имкон дод, ки дар маҳалли серодам нопадид шавад. Бакр дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.
Ба гуфтаи матбуоти Олмон, Ҷаббор ал-Бакр бо гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ" робита дошт. Дар гуфтушунид бо "ҷиҳодиҳо", ӯ масъалаи таҳия ва татбиқи амалиёти террористӣ дар яке аз фурудгоҳҳои Берлинро тарҳрезӣ мекард.
Суриягиҳое, ки ҳамвати худро ба пулис таслим карданд, дар чаҳорчӯби тафтишот муваққатан боздошт шудаанд.