Русия ҳамлаҳои "ҳакерӣ" алайҳи Амрикоро рад кард

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаҳои "ҳакерӣ" бар зидди Амрикоро "хушоянд" номид, аммо гуфт, ки ин иддао далелу исбот надорад. Дар ин бора Лавров бо шабакаи телевизионии CNN сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, "албатта, барои як қудрати минтақавӣ, президент Барак Обама чанд вақт пеш моро ҳамин тавр номида буд, ин таваҷҷӯҳ хушоянд аст. Ҳоло ҳама дар Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ки маъракаи президентиро дар Амрико Русия пеш мебарад. Тавре гуфтам, ин албатта хушоянд аст, аммо ин бо ҳеҷ далел таҳким наёфтааст. Мо оддитарин далелро, оддитарин исботи инро надидаем", - гуфт Сергей Лавров.

Вашингтон Русияро ба ташкили ҳамлаҳои "ҳакерӣ" ба сиёсатмадорони Амрико ва рахна кардани сохтори сабти номи райъдиҳандаҳо дар беш аз 10 аёлат муттаҳам мекунад. Хадамоти махсуси Амрико аз ин нигаронанд, ки бо ин шева Русия мехоҳад ба интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико таъсир гузорад. Интихобот ба таърихи 8 ноябр барномарезӣ шудааст. Президент Обама гуфтааст, барои посух додан ба ин ҳамлаҳо "чораҳои ҷавобӣ"-ро баррасӣ мекунад.