Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки хабари бемории ӯ аз дирӯз ба ин тараф дар хабарҳо чарх мезанад, Арманистонро ҳам ба рӯйхати сафарҳои лағвшуда ворид кард. Айдос Укимбай, сухангӯи Назарбоев рӯзи 12 октябр ба хабарнигорон гуфт, ки вазъи сиҳатии президент "ҷое барои нигаронӣ надорад".
Укимбай гуфт, ки нахуствазир Боғитҷон Сағинтаев рӯзи 14 октябр президентро дар нишасти Созмони амнияти дастъаҷамъӣ дар Арманистон иваз мекунад. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки фаъолиятҳои дигари президент бо реҷаи маъмулӣ ҷараён мегиранд.
Рӯзи 11 октябр дафтари матуботи Нурсултон Назарбоев гуфт, ки президентро "хунук задааст" ва ӯ наметавонад сафари барномарезишуда ба Арманистонро анҷом диҳад ва ҳамчунин аз Манғузстай, минтақае воқеъ дар ғарби Қазоғистон боздид кунад.
Эълони расмӣ дар бораи вазъи сиҳатии президенти бузургтарин кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ, ба сурати умум, як ҳодисаи беназир аст. Назарбоев дар гузашта аз беморие, ки номаш ошкор нашуд, дар Чин табобат гирифта буд. Ӯ 76 сол дорад ва ба ин кишвари ғанӣ аз нафт аз соли 1989 рааҳбарӣ мекунад.