Пирӯзии "Орзуи Гурҷистон" дар интихоботи порлумонӣ

Шумориши бахши асосии баргаҳои раъй нишон дод, Ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" дар интихоботи порлумонии ин кишвар пирӯз шудааст. "Орзуи Гурҷистон" 48,6% ва рақиби он -- "Ҷунбиши иттиҳоди миллӣ" 27%-и овозҳоро соҳиб шудаанд.

Ин натоиҷ марбути 77 курсии порлумони Гурҷистон аз рӯи рӯйхати ҳизбӣ аст. Порлумони Гурҷистон ҷамъан 150 намоянда дошта, тақдири 73 курсии боқӣ дар ҳавзаҳои якмандата муайян хоҳад шуд.

Ба иллати мураккаб будани қонунҳои пешазинтихоботии Гурҷистон, ҳайати ниҳоии порлумон танҳо охирҳои моҳи оянда маълум мешавад. Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Гурҷистон, 51%-и райдиҳандагон дар интихобот иштирок кардаанд.

Нозирони байналмилалӣ гуфтаанд, ки интихобот хуб баргузор ва дар он озодиҳои асосӣ ва шароит барои рақобати баробар таъмин шуда буд. Вале афзудаанд, ки дар мавриди равишҳои ғайриқонунии маъракаҳои пешазинтихоботӣ ва ҳолатҳои хушунат шикоят дарёфт кардаанд.