Ҳазорҳо "ҷони мурда" дар рӯйхати маошгирҳои артиши Афғонистон

Идораи нозирони кулли Амрико аз Пентагон дархост кардааст, ки вуҷуди даҳҳо ҳазор "ҷонҳои мурда"-ро дар хазинаи маошгирҳои нерӯҳои амниятии Афғонистон шарҳ бидиҳад. Маоши низомиён аз ҷониби донорҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ИМА сармоягузорӣ мешавад, ки аз соли 2002 беш аз 68 миллиард долларро барои кӯмак дар бунёди артиши Афғонистон ва пулиси ин кишвар тахсис додааст.

Ҷон Сопко, нозири вежа дар умури Афғонистон дар як нома ба Пентагон навиштааст, ки бахше аз ин маблағҳо дар сармоягузории "ҷонҳои мурда" ва ё аскарони мавҷуднабудаи нерӯҳои вежаи Афғонистон сарф шудааст.

Сопко аз бо ишора ба гузоришҳои расонаҳо гуфт, ки аз нисф бештари нерӯҳои амниятии Афғонистон дар вилояти Ҳилманд, ки ба рӯйхати маошгирҳо шомил ҳастанд, дар асл вуҷуд надоранд ва маоше, ки ба аскарҳои набуда пардохт мешавад ба ҷайби мақомоти фасодкори маҳаллӣ меравад. Ин мақоми идораи нозири кулл мегӯяд, ин гузоришҳо суолҳоеро ба миён меоранд, ки ҳукумати ИМА барои ҷилавгирӣ аз харҷи маблағҳои андозсупорандаҳои Амрико ба "ҷонҳои мурда" чӣ иқдомот меандешад.