Комиссияи иқтисодии Авруосиё барои таъмини гардиши озоди маҳсулот дар марзи Қазоқистону Қирғизистон қарор қабул кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуотии сарвазири Қазоқистон хабар медиҳад.
Ба иттилои комиссияи мазкур, Қазоқистон то кунун назорати фитосанитарӣ ё растаниҳову маҳсулотти кишоварзиро дар марзаш бо Қирғизистон идома медиҳад. Дар ҳоле ки ин наъви назоратро Қирғизистон дар марзаш бо Қазоқистон бекор кардааст.
Назорати фитосанитариро Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё низ моҳи майи соли 2015 манъ кардааст. Мавҷудияти ин навъи назорат боиси камшавии воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Қирғизистон ба Қазоқистон мешавад, омадааст дар хабар.
Комиссия ба ҳукумати Қазоқистон барои бекор кардани назорати фитосанитарӣ 10 рӯз муҳлат додааст.