Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз Анна Политковская кушта шуд

Даҳ сол пеш дар Русия шореҳи нашрияи "Новая Газета" Анна Политковская дар даромадгоҳи манзилаш ба қатл расид. Фармоишгари ин куштори пурсарусадо то ҳол маълум нест. Нашрияи "Новая Газета" рӯзи панҷшанбе бо пахши як муроҷатномаи видеоӣ тафтишотро дар бефаъолиятӣ муттаҳам кард ва талаб намуд, ки фармоишгарони қатли Политковскаяро пайдо кунанд. Департаменти Давлатии ИМА низ аз мақомоти Русия даъват кард, ки фармоишгарон, ташкилкунандаҳо ва иҷрогарони куштори хабарнигори "Новая Газета" Политковскаяро муайян кунад. "Ин далел, ки қазияи куштори Политковская ва хабарнигорони дигар, ки таҳаввулоти Қафқози Шимолиро пайгирӣ мекарданд, нокушода боқӣ мондаанд, ба озодии баён, эҳтиром ба қонун ва ҳуқуқи инсон дар Русия зарба мезанад", - омадааст дар изҳороти вазорати хориҷии Амрико.

Сарвари намояндагии Афви байналмилалӣ дар Русия Сергей Никитин мегӯяд, агар давлат аз ӯҳдаи ҳимояи хабарнигорон намебарояд ё намехоҳад аз онҳо ҳимоя кунад, пас мардуми маъмулӣ бояд ба кӯча бароянд ва эҳтиром ба озодии баён, озодона навиштан ва гуфтанро худашон ба даст биёранд. Дар минтақаи Тюмени Русия журналисти маҳаллӣ Борис Конаков бо дасту даҳони баста ва навиштаҷоти "Хомӯшӣ маънои розӣ буданро надорад" ба майдони марказӣ баромад. Ҳар як куштор фоҷеа аст, аммо куштори журналист кӯшиши пахш кардани озодии баён аст, гуфтааст ин хабарнигор.

Бинобар назарпурсии маркази "Левада" тахминан ҳар як шаҳрванди даҳуми Русия (12 %) умед дорад, ки фармоишгарони қатли Политковская ошкор мешавад. Бештар аз нисфи пурсидашудаҳо (59 %) ба ин умед надоранд. Теъдоди шаҳрвандоне, ки мегӯянд, хадамоти махсуси Русия дар ин куштор даст дорад, дар муқоиса бо солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст. Дар соли 2011 - 28 дар сади пурсидашудаҳо гуфтанд, ки куштори Политковскаяро хадамоти махсус ташкил кардааст. Ҳоло ин рақам ба 17 % расидааст.

Рӯзноманигор ва ҳомии ҳуқуқи инсон Анна Политковская 7 октябри соли 2006 дар шаҳри Маскав кушта шуд. Ӯ бо нашри гузоришҳои танқидӣ нисбати ҳукуматдорони Русия ва авзои Чеченистону Қафқози Шимолӣ машҳур буд. Панҷ нафар дар робита ба ин куштор аз озодӣ маҳрум шуданд.