Дар рӯзи чаҳоруми даргирӣ дар шимоли Афғонистон мақомот гуфтанд, ки нерӯҳои амниятӣ ҷангҷӯёни Толибро аз қисмати ҷанубии шаҳри Қундуз берун карданд. Генерал Қосим Ҷангалбоғ, сардори пулиси вилояти Қундуз дар ин бора рӯзи 6 октябр хабар дод.
Дар ҷануби шаҳри Қундуз фурудгоҳи стратегие аст, ки аҳамияти ҳаётан муҳим дорад ва барои таҳкими мавқеи нерӯҳои ҳукумат дар Қундуз ва кӯмакҳои лоҷистикӣ ба ин нерӯҳо истифода мешавад. Аммо Муҳаммад Юсуф Аюбӣ, раиси Шӯрои вилояти Қундуз мегӯяд, ки тирпаррониҳо субҳи барвақти рӯзи чаҳоршанбе дар қисмати шарқӣ ва ғарбии шаҳр ҷараён дошт.
Сухангӯи низомии Амрико дар Афғонистон, Генерал Чарз Кливленд гуфт, ки нерӯҳои вижаи Афғонистон поксозии канораҳои шаҳр аз Толибонро идома доданд. Мақоомти Афғонистон мегӯянд, ки мардуми зиёде ба хотири амнияти худ аз шаҳр фирор кардаанд.