Дар Ишқобод 4 октябр ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон тайи 9 моҳи ахир баргузор шуд.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон зимни ҷаласаи мазкур хостааст, ки мубориза бо қочоқ ва паҳни маводи мухаддир дар кишвараш пурзӯр шавад.
Баъди талаби президент зимни барномаи ахбори телевизионҳои Туркманистон муборизаи мақомоти қудратии ин кишвар бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир намоиш ва аз боздошти қочоқбарон, аз ҷумла ду нафаре иттилоъ дода шудааст, ки қасди ворид кардани 7,665 кило тарёк ва 40 ҳазор қурси трамадолро доштанд.
Ҳамчунин аз боздошти як гуруҳи одамон ҳангоми қочоқи беш аз 21 кило маводи мухаддир хабар дода шуда, телевизионҳо навори дастгири гуруҳи даҳнафарии дигарро низ ҳангоми бастабандии маводи мухаддир намоиш доданд. Ҳамаи боздоштшудаҳо зимни гузориши мазкур ба гуноҳи худ иқрорва хоҳиш карданд, ки онҳоро афв кунанд.
Дар анҷоми гузориш ба таври алоҳида Назира Ҳабибова, сарояндаи машҳури Туркманистон низ нишон дода шудааст. Хабари боздошти ин овозхон бо айби қочоқи маводи мухаддир ҳанӯз тобистони имсол расонаӣ шуда буд, вале мақомот онро расман акнун эълон карданд.