Русия фаъолияти созишномаи ҳамкорӣ бо ИМА-ро дар бахши таҳқиқотҳои илмӣ ва ҳамкориҳои ядроиву энергетикӣ қатъ кард. Дар ин бора сомонаи расмии ҳукумати Русия иттилоъ додааст.
Созишномаи мазкур соли 2013 имзо шуда, ҳамкориҳои ду кишвар дар самти амнияти ядроӣ ва коркарди сӯзишвории инноватсиониро муайян мекард. Ҳукумати Русия мегӯяд, созишнома бо айби сиёсатҳои ИМА, ки дар ин бахш амалӣ мекунад, қатъ шудааст.
Моҳи апрели соли 2014 Вашингтон барои нақши Русия дар нооромиҳои шарқи Украина аз ҳамкорӣ бо ширкати давлатии "Росатом" дар соҳаи энергетикаи ядроӣ даст кашид.
Рӯзи душанбе Русия ҳамчунин иҷрои созишнома бо ИМА-ро дар бораи истифодаи партовҳои плутоний низ қатъ кард. Кремл гуфт, Вашингтон барои истифодаи дубора аз нобуд сохтани таслиҳоти плутонӣ худдорӣ мекунад.
Департаменти давлатии ИМА дар робита ба тасмими ахири Москва барои қатъи ҳамкориҳо изҳори таассуф кардааст.