Дар Қундуз рӯзи сеюм аст, ки рӯёрӯиҳои миёни Толибон ва нирӯҳои ҳукуматӣ идома дорад. Асадулло Амархел, волии Қундуз рӯзи 5 октябр гуфт, ки сокинони мулкӣ талош мекунанд, шаҳрро тарк кунанд ва дар вулусволиву манотиқи атроф панаҳ баранд. Раиси полиси вилоят гуфтааст, ки барои онҳое, ки дар дохили шаҳр мондаанд, захираҳои обу ғизо анҷом мешавад ва онҳо бояд ба маконҳои амн интиқол ёбанд. Ба қавли раиси полис Қосими Ҷангалбоғ, нирӯҳои ҳукуматӣ, ки аз ҷониби нирӯҳои вижаи амрикоӣ ва ҳам ҳамлаҳои ҳавоӣ кӯмак мебинанд, дар пок кардани шаҳр хеле муваққаф шудаанд, вале дар канораҳои Қундуз ҷангҳо ҳамоно идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, то ҳол 42 ҷангӣ кушта ва 25 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Вазорати дифои Афғонистон гуфт, ки дар ҷангҳои Қундуз 5 низомӣ кушта ва 13 нафар маҷрӯҳ шуданд