Ҷаласаи нахустини даъвати ҳаштуми Думаи давлатии Русия

Думаи давлатии Русия имрӯз ҷаласаи нахустини даъвати ҳаштумашро баргузор кард. Ҷаласаи мазкурро вакили куҳансолтарин, намояндаи ҳизби коммунистии Русия Жорес Алферови 86-сола кушодааст. Интизор меравад, президенти Русия Владимир Путин низ дар порлумон суханронӣ кунад.

Маҷлиси нахустин ба масъалаҳои тадокурот бахшида мешавад. Раиси порлумон бояд аз ҳисоби вакилони ҳизби "Русияи воҳид" интихоб шавад. Номзади эҳтимолӣ ба ин мақом Вячеслав Володин, муовини аввали раиси дастгоҳи президент аст. Дар ин ҷаласа ҳамчунин муовинони раиси Думаи давлатӣ ва раисони кумитаҳо инхоб хоҳанд шуд.

Яке аз мавзуҳои муҳим, ки бояд даъвати ҳаштуми порлумон баррасӣ кунад, буҷаи давлатӣ аст. Аммо дар шароити бадшавии вазъи байналхалқӣ дар рӯзҳои наздик вакилон бояд шартномаи Сурия дар мавриди ҷой кардани гуруҳи ҳавоии низомиёни Русияро баррасӣ кунанд.

Ба порлумони нав ба ҷуз аз "Русияи воҳид", ҳизбҳои коммунистӣ, Либерал-демократӣ, "Русияи боадолат", "Платформаи шаҳрвандӣ" ва ҳизби "Ватан" шомил шуданд.