Хадамоти соҳилбонии Италия мегӯяд, беш аз шаш ҳазор муҳоҷирро аз марг наҷот додаанд, ки дар 39 қаиқ ба соҳили Аврупо шино мекарданд. Ба иттилои ин хадамот, дар наздикии ҷазираи Лампедузаи Италия 9 муҳоҷир фавтида, як зани ҳомила дар бемористон бистарӣ шудааст. Амалиёти наҷоти муҳоҷирон, ки 3 октябр анҷом шуд, дар давоми чанд моҳи охир яке аз амалиёти калонтарин унвон шудааст. Хабар дода мешавад, ки наҷотдиҳандагон аз як қаиқи резинӣ 725 муҳоҷирро берун овардаанд. Ҳудуди се сол пеш дар наздикии ҷазираи Лампедуза як киштии ҳомили муҳоҷирон ғарқ шуд, ки дар натиҷа 386 муҳоҷир ҷон бохт. Ба иттилои Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, аз ибтидои соли ҷорӣ 132 ҳазор муҳоҷир ба соҳили Италия расида ва наздики 3 ҳазори дигар дар роҳи баҳрӣ фавтидаанд.