Сандуқи Байналмилалии Пул аз ҷаҳиши иқтисоди Эрон дар нимаи аввали сол хабар дод ва ин дар ҳолест, ки мақомоти ин кишвар ислоҳотро барои афзоиш ба роҳ мондаанд. Дар изҳороте, ки намояндагони ин ниҳоди молии ҷаҳон баъди сафари Эрон нашр кардаанд, гуфта мешавад, истеҳсоли нафт дар Эрон ба ҳолати пеш аз таҳримҳои байналмилалӣ баргаштааст, ки моҳи январ баъди созиши ҳаставӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ лағв шуд.
Сандуқи Байналмилалии Пул, инчунин, аз беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ дар бахшҳои ғайринафтӣ, ба монанди кишоварзӣ, саноати истеҳсоли мошинҳо, тиҷорат ва хадамоти нақлиётӣ гузориш додааст. "Мақомоти Эрон бо роҳандозии сиёсати пуливу молии "эҳтиёткорона" барои пешгирӣ аз таварруми масрафкунандаҳо иқдом кардааст ва барои рушди пойдор барномаҳои густарда ва баландпарози ислоҳотро татбиқ мекунад", - мегӯянд намояндагони Сандуқи Байналмилаии Пул. Рушди иқтисод бо назардошти таваррум дар давоми соли 2017 дар ҳудуди 4,5 дар сади солона пешгӯӣ мешавад.
Ҳамзамон намояндагони Сандуқи Байналмилалии Пул аз "заъфҳое" ҳушдор додаанд, ки метавонад роҳро барои афзоиши касри буҷа ва коҳиши захираҳои арзӣ боз кунанд.