Омодагии ҳомиёни ҳуқуқ барои гуфтугӯ бо ҳукумати Узбакистон

Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон

Ҳомиёни ҳуқуқи байналмилалӣ барои гуфтугӯ бо ҳукумати нави Узбакистон омодагии худро баён кардаанд. Ин нукта дар ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Варшава садо дод, вале ҳайати расмии Узбакистон дархости ҳомиёни ҳуқуқро бе ҷавоб монд.

Ҷаласаи САҲА дар Варшава - нахустин ҷаласаи васеъ дар умури ҳуқуқи инсон буд, ки ҳайати расмии Узбакистон баъди тағйири ҳукумат дар ин ҷаласа иштирок кард. Ҷаласаи Варшава барои ҳомиёни ҳуқуқи Узбакистон фурсати хубе буд, то бо ҳайати расмии кишварашон рӯ ба рӯ шаванд.

"Мо фикр мекардем, қисмати аввали гуфтугӯямон бо ҳукумат дар ҷаласаи мазкур шуруъ мешавад. Аммо, мутаассифона, ҳайати Узбакистон дархости моро бе ҷавоб гузошт", - мегӯяд яке аз ҳомиёни ҳуқуқ Муътабар Тоҷибоева.