Парвандаи ҷиноии Собир Валиев дар Қирғизистон

Собир Валиев

Кумтаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон тафтиши парвандаи ҷиноии Собир Валиев, мухолифи фирории тоҷикро дубора оғоз кардааст. Ба иттилои хадамоти матбуотии ин ниҳод, парвандаи мазкур зидди Валиев бар пояи моддаҳои "убури ғайриқонунии марзи давлатӣ" ва "сӯистифода аз мақом"-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон боз шудааст.

14 сентябри соли 2015 ба иллати кофтукоби Валиев тафтиши парвандаи ӯ муваққатан қатъ шудааст. "Аммо 2 октябри соли равон дар натиҷаи бозгашти ҳамсараш Ҷаннат Ҳамзаева ба Қирғизистон ва пеш омадани зарурати тафтиши маҳалли зисти кофтукобшаванда таҳқиқи парванда аз сар гирифта шудааст", – гуфт хадамоти матбуоти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон. Манбаъ афзудааст, ахиран бар пояи қарори Додгоҳи Первомайи Бишкек кормандони КДАМ маҳалли зисти Ҳамзаеваро дар пойтахти Қирғизистон кофтукоб кардаанд. Баъди он ҳамсари Валиев барои гузаронидани идомаи тафтишот ба кумита даъват шуд.

Хадамоти матбуотии КДАМ Қирғизистон афзудааст, Ҳамзаеваро пас аз бозпурсӣ дар доираи парвандаи убури ғайриқонунии марз ва ғайриқонунӣ дода шудани шиносномаи қирғизӣ ба Собир Валиев ҷавоб додаанд.