Рӯзи 3 октябр дар Лаҳистон бар зидди талошҳои манъи сиқти ҷанин ё "аборт" эътирози саросарӣ бо номи "душанбеи сиёҳ" оғоз шуд. Дар даҳҳо шаҳри Лаҳистон ё Полша занҳо имрӯз худро аз кор фориғ карда ва либоси сиёҳ дар тан ба кӯча баромаданд, то алайҳи эҳтимоли шадид шудани қонунгузорӣ ва ҷазо барои модарону духтурҳое, ки даст ба "аборт" мезананд, эътироз кунанд. Пешнависи қонун, ки бо он садҳо ҳазор шаҳрванди Лаҳистон мухолифат доранд, дар баррасии порлумон қарор дорад. Феълан "аборт" дар Лаҳистон танҳо дар ҳоле иҷоза аст, ки агар ба ҷони модар хатар таҳдид кунад ва ё тифл ноқис бошад.