Дар чанд минтақаи наздики Ҳалаби Сурия задухӯрдҳои мусаллаҳона миёни нерӯҳои мухолифин ва режими Башор Асад сурат гирифтааст. Фармондеҳии Сурия аз мухолифон даъват дорад, ки силоҳҳояшонро гузошта, шаҳрро тарк кунад.
Ин задухӯрдҳо дар теппаи аш-Шукиф, воқеъ дар шимоли Ҳалаб ва ноҳияи Бустон ал-Баш сурат гирифтаанд. Ҳамлаи низомиёни президент Башор Асад ба Ҳалаб бо дастгирии қавии нерӯҳои ҳавоии Сурия ва Русия идома дорад. Дар ин бора Associated Press бо истинод ба ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия иттилоъ медиҳад.
Намояндаи яке аз гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифин зимни суҳбат бо хабаргузорӣ гуфтааст, дар амалиёти артиши Сурия шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳузур доранд. Ба гуфтаи вай, сухан дар бораи шаҳрвандони Лубнон ва Ироқ меравад, ки бо рамзҳояшон мешавад, онҳоро фарқ кард.