Боздошти бародари Фатҳуллоҳ Гулен

Қутбиддин Гулен, бародари Фатҳуллоҳ Гулен

Бародари Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии турки муқими Амрико, дар Туркия боздошт шудааст. Анқара Гуленро дар ба ташкили табаддулоти 15 июли имсол айбдор мекунад. Хабаргузории Anadolu рӯзи 2 октябр иттилоъ дода, ки Қутбиддин Гулен дар ҳамдастӣ бо исёнгарон гумонбар аст.

Фатҳуллоҳ Гулен дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунад ва Анқара борҳо аз Вашингтон хостааст, ки ӯро таслим кунад. Вале руҳонии турк мегӯяд, агар даст доштанашро дар табаддулоти 15 июл додгоҳи мустақил исбот кунад, худаш ба ватан хоҳад баргашт.

Кӯшиши табаддулот дар Туркия шаби 15 ба 16 июли соли равон сурат гирифта, ба кушта шудани 240 одам сабаб шуд. Дар пайи тафтиши Анқара даҳҳо ҳазор нафар дастгир ва аз ҷойҳои крашон маҳрум шуданд.