Раҳбари собиқи Исроилро ҷумъа ба хок месупоранд

Шимон Перес

Шимон Перес, раҳбари собиқи Исроил ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, рӯзи ҷумъа бо иштироки ҷамъе аз раҳбарони ҷаҳон ба хок супурда хоҳад шуд. Перес рӯзи 28 сентябр бар асари сактаи мағзӣ дар синни 93 даргузашт. Вай яке аз маҳбубтарин раҳбарон дар дохилу хориҷи Исроил буд ва аз охирин афроде ба ҳисоб мерафт, ки дар таъсиси ин кишвар нақш доштанд. Табибон гуфтанд, ки Шимон Перес субҳи чаҳоршанбе дар шифохонае дар наздикии Тел-Авив дар канори хешовандонаш даргузашт. Ӯро баъди гирифторӣ ба сактаи мағзӣ дар рӯзи 13 сентябр ба шифохона бурданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико бо изҳори таъзия Шимон Пересро “дӯсти наздик” номида ва аз хидматҳои ӯ барои Исроил ситоиш кардааст.