Се раҳбари Толибони Покистонро куштанд

Бино ба гузоришҳо, се раҳбари Толибони Покистон дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии муштараки нерӯҳои Афғонистон ва НАТО дар вилояти Пактико кушта шуданд. Радиои Машъал бахши покистонии Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми сентябр гузориш дод, ки Раис Хон, сухангӯи Хон Саид, як ҳалқаи гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон рӯзи 24-уми сентябр дар натиҷаи зарбаи ҳавоӣ кушта шуд. Манобеи Хон Саид, гурӯҳи вобаста ба Таҳрики Толибон ин хабарро таъйид карданд. Ба гуфтаи ҳамин манобеъ, писари Раис Хон ва ду фармондеҳи дигари Толибон дар Вилояти Вазиристони Шимолии Покистон дар ҳамлаҳои ҷавоӣ дар Афғонистон ҳалок шудаанд. Номи ин афродро нагуфтанд. Вазорати дифои Афғонистон амалиёти ҳавоиро таъйид кард ва гуфт, ки се фармондеҳи Ал-Қоида ва шаш узви дигари созмонро нобуд кардаанд. Муҳаммад Родманиш сухангӯи вазорати дифои Афғонистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимолан Раис Хон дар байни кушташудагон аст. Ҳалқаи Хон Саид соли 2014 иртибот бо Мулло Фазлулло, раҳбари феълии Таҳрики Толибони Покистонро қатъ кард ва гуфт, ки алоҳида аз Вазиристони Шимолӣ фаъолият мебарад.