Як киштии ҳарбии Итолиё дар Бандари Аббос лангар андохт

Як киштии нерӯи дарёии Итолиё дар Бандари Аббоси Эрон лангар андохт. Ин аввалин киштии нерӯи дарёии як кишвари ғарбӣ дар понздаҳ соли охир аст, ки ба ин бандар роҳ ёфтааст. Нерӯи дарёии Итолиё гуфт, ки ин сафар ба унвони бахши “азсаргирии равобити хуб ва таърихии” миёни ду кишвар сурат мегирад. Нерӯи дарёии Итолиё гуфт, ин киштӣ пеш аз он ки ба Аврупо баргардад, се рӯз дар Эрон хоҳад монд. Хабаргузории нимарасмии Исно дар Эрон мегӯяд, ин киштӣ ду ҳафта баъди он ба Бандари Аббос расид, ки як ҳайати нерӯи дарёии Итолиё ба Теҳрон сафар кардаанд. Моҳи апрели имсол низ нахуствазири Итолиё Маттео Рензӣ дар садри як ҳайат ба Эрон рафта буд.